Бо қадди ту қадди сарв хам дорад

Бо қадди ту қадди сарв хам дорад,
Чун қадди ту боғ сарв кам дорад.

Васлат зи ҳама вуҷуд беҳ, лекин
То ҳаҷри ту рӯй дар адам дорад.

Шодам ба тую яқин ҳамедонам,
К-ин як шодӣ ҳазор ғам дорад.

Дар кори ту нест ақл бар коре,
Кор он дорад, ки як дирам дорад.

Доим чу қалам ба торакам пӯён,
З-он қомату қад, ки чун қалам дорад.

Дар роҳи ту Анварӣ, ту худ донӣ,
Умрест, ки то зи сар қадам дорад.

Гар сарзаниши ҳама ҷаҳон хоҳӣ,
Он низ ба давлати ту ҳам дорад.