Ҷон нақши рухи ту бар нигин дорад

Ҷон нақши рухи ту бар нигин дорад,
Дил доғи ғами ту бар сурин дорад.

То домани дил ба дасти ишқи туст,
Сад гуна ҳунар дар остин дорад.

Чашми ту дилам бибурду мебинам,
К-акнун пайи ҷону қасди дин дорад.

В-афканда камони ғамза дар бозу,
То боз чӣ фитна дар камин дорад.

Гуфтӣ, ки сухан магӯю дам даркаш,
Инсоф бидеҳ, кӣ барги ин дорад.

То чанд, ки пӯстин ба гозур деҳ,
Хуррам дили он, ки пӯстин дорад.

Дар боғи ҷаҳон маро чӣ мебинӣ,
Ҷуз ишқи туе, ки дар замин дорад.

Дар хушку тар Анварӣ ба сад хиҷлат
Дар фурқати ту диле ҳазин дорад.