Ёр бо ҳар касе саре дорад

Ёр бо ҳар касе саре дорад,
Сар ба пайванди ман фурӯ н-орад.

Инчунин шарти дӯстӣ бошад,
Ки бихонад ба лутфу бигзорад.

Дилу ҷонам ба лоба бистонад,
Пас ба дасти фироқ биспорад.

Нози бисёр мекунад, лекин
Нек бингар, ки ҷои дорад.

Ҷон ҳамехоҳаду киро накунад,
Ки ба ҷоне зи ман биёзорад!