Дилбар ҳанӯз моро аз худ намешуморад

Дилбар ҳанӯз моро аз худ намешуморад,
Бо ӯ чӣ кард шояд, бо ӯ кӣ гуфт ёрад?!

Ҷонам фидои зулфаш, то хуни ӯ бирезад,
Умрам ҳалоки чашмаш, то гард аз ӯ барорад.

Ҷонро чӣ қимат орад, гар дар ғамаш насӯзад,
Дилро маҳал чӣ бошад, гар дарди ӯ надорад?

Гетӣ басе намонад, гар чеҳра бозгирад,
Зинда касе намонад, гар ғамза баргуморад.

Овозаи ҷамолаш дилҳо ҳаменавозад,
Лекин бари висолаш касро намегузорад.