Диламро андуҳи ҷон менадорад

Диламро андуҳи ҷон менадорад,
Чунон, к-ояд ҷаҳоне мегузорад.

Ҳадиси ишқ боз андарфикандаш,
Дигар бораш ҳамоно мебихорад.

Чӣ гӯям, то ки коре барнасозад,
Чӣ созам, то ки ранге барнаёрад?

Чӣ хохад кард чандин ғам, надонам,
Ки ҷойи як ғами дигар надорад.

Ба зорӣ гуфтамаш дар сабр з-ин даст,
Агар ишқат ба дасти ғам супорад.

Маро гуфто: - Туро бо кори худ кор,
Мусалмон - мардум инро дил шуморад.

Баномэзад, дилам дар мансаби ишқ
Ба ойин шуғлҳое мегузорад.