Орзуи рӯи ту ҷонам бибурд

Орзуи рӯи ту ҷонам бибурд,
Кофариҳои ту имонам бибурд.

Аз ҷаҳон имону ҷоне доштам,
Ишқи ту ҳам ину ҳам онам бибурд.

Ғамзаҳот аз бех в-аз борам биканд,
Ишваҳот аз хону аз монам бибурд.

Шаҳнаи ишқат диламро чун бихонд,
Аз ҳисоби ҷуъли худ ҷонам бибурд.

Ақлро гуфтам, ки пинҳон шав, бирав,
К-ин ҳама пайдову пинҳонам бибурд.

Гуфт: -Агар ин бор даст аз ман бидошт,
Боз, бозомад ба дастонам бибурд.

Анварӣ, чанд аз шикоятҳои ишқ,
К-ӯ фалон бигзашту баҳмонам бибурд.

Ин ҳама бигзор мегӯй, Анварӣ,
Орзуйи рӯйи ту ҷонам бибурд.