Бидидам ҷаҳонро, навое надорад

Бидидам ҷаҳонро, навое надорад,
Ҷаҳон дар ҷаҳон ошное надорад.

Бад-ин моҳи заррин- ш дар хайма мангар,
Ки дар андарун бӯрёе надорад.

Ба умре аз он хилвате даст надҳад,
Ки берун аз ин хайма ҷое надорад.

Ба нодир агар бозие рост бозад,
Набошад, ки бо он дағое надорад.

Наёяд ба санге дар ангушти пое,
Ки то ӯ дар ӯ дасту пое надорад.

Ба маъшуқ натвон гирифтан касеро,
Ки то ӯст, бо кас вафое надорад.

Бикаш, Анварӣ даст аз хони гетӣ,
Чунин чарбу ширин абое надорад.