Буте дорам, ки як соат маро бе ғам набигзорад

Буте дорам, ки як соат маро бе ғам набигзорад,
Ғаме к-аз вай дилам бинад, футӯҳи умр пиндорад.

Насиҳатгӯ маро гӯяд, ки баркан дил зи ишқи ӯ,
Намедонад, ки ишқи ӯ раге бо ҷони ман дорад.

Дилам чун обила дорад, дигар ишқи фидо бар каф,
Магар аз ҷон ба сер омад дилам, к-аш боз мехорад.

Маро гӯяд:- Биёзорам, агар ҷон дар ғамам надҳӣ,
Чӣ гуйӣ, ҷон бад-он арзад, ки ӯ аз ман биёзорад.

Натобам рӯй аз ӯ ҳаргиз, агарчи дар ғами рӯяш
Маро чархи куҳан ҳар дам балое нав ба рӯй орад.