Рафтем, агар малул шудӣ аз нишасти мо

Рафтем, агар малул шудӣ аз нишасти мо,
Фармой хидмате, ки барояд зи дасти мо.

Бархостему нақши ту дар нафси мо чунон-к
Ҳар ҷо ки ҳаст, бе ту набошад нишасти мо.

Бо чун худе дарафкан, агар панҷа мекунӣ,
Мо худ шикастаем, чӣ бошад шикасти мо?

Ҷурме накардаам, ки уқубат кунад, валек
Мардум ба шаръ менакушад турки масти мо.

Шукри Худой буд, ки он бут вафо накард,
Бошад, ки тавбае бикунад бутпарасти мо.

Саъдӣ, нагуфтамат, ки ба сарви баланди ӯ
Мушкил тавон расид ба болои пасти мо?!