Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 22

Якеро аз мулук маразе ҳоил буд, ки иродати зикри он нокардан авлотар. Тоифаи хукамои Юнон муттафиқ шуданд, ки мар ин дардро давое нест, магар заҳраи одаме ба чандин сифат мавсуф. Бифармуд талаб кардан. Деҳқонписаре ёфтанд бад-он сифат, ки ҳакимон гуфта буданд. Падару модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон хушнуд гардонид. Ва қозӣ фатво дод, ки хуни яке аз раият рехтан саломати нафси подшоҳро раво бошад. Ҷаллод қасди ӯ кард. Писар cap ба сӯи осмон баровард ва табассум кард. Малик пурсидаш, ки дар ин ҳолат чӣ ҷои хандидан аст?

Гуфт:

- Нози фарзандон бар падару модар бошад ва даъво пеши козӣ баранду дод аз подшаҳ хоҳанд. Акнун падару модар ба иллати ҳутоми дунё маро ба хун дарсупурданд ва қозӣ ба куштанам фатво дод ва султон масолиҳи хеш андар ҳалоки ман ҳамебинад, ба ҷуз Худои азза ва ҷалла намебинам:

Пеши кӣ бароварам зи дастат фарёд,
Ҳам пеши ту аз дасти ту гap хоҳам дод?

Султонро дил аз ин сухан ба ҳам баромад ва об дар дида бигардониду гуфт:

- Ҳалоки ман авлотар аст аз хуни бегуноҳе рехтан.

Пас сару чашмаш бибӯсид ва дар канор гирифт ва неъмати беандозааш бахшиду озод кард. Гӯянд, хам дар он ҳафта султон шифо ёфт.

Ҳамчунон дар фикри он байтам, ки гуфт
Пилбоне бар лаби дарёи Нил:
Зери поят гар надонӣ ҳоли мӯр,
Ҳамчу ҳоли туст зери пои пил.