Ишқам ин бор ҷаҳон бихоҳад бурд

Ишқам ин бор ҷаҳон бихоҳад бурд,
Бурд номам, нишон бихоҳад бурд.

Дар ғамат бо гаронрикобии сабр,
Дил зи дастам инон бихоҳад бурд.

Мавҷи тӯфони фитнаи ту на дер,
Оқибат аз ҷаҳон бихоҳад бурд.

Наргиси чашму сарви қомати ту
Зинати бӯстон бихоҳад бурд.

Руху дандони чун Маҳу Парвин-т,
Равнақи осмон бихоҳад бурд.

Бо ҳама дил бигуфтаам, ки маро
Ғами ишқи ту ҷон бихоҳад бурд.

Ман худ андар миёна мебинам,
Ки замон то замон бихоҳад бурд.

Чӣ кунам, гӯ, бибар, гар ӯ набарад,
Рӯзгор аз миён бихоҳад бурд.

Дар баҳори замона барге нест,
Ки на боди хазон бихоҳад бурд.

Анварӣ, гар ҳарифи нард ин аст,
Надабат ройгон бихоҳад бурд.