Ҳалқаи зулфи ту бар гӯш ҳаме ҷон бубарад

Ҳалқаи зулфи ту бар гӯш ҳаме ҷон бубарад,
Дил бибурд аз ману бим аст, ки имон бубарад.

Дар сари зулфи ту ҷуз ҳалқаю чин хосиятест,
Ки ҳаме ҷону тану дину дилам бибарад.

Худ дил аз зулфи ту душвор тавон дошт нигоҳ,
Ки ҳаме зулфи ту аз роҳ дил осон бубарад.

Аз хами зулфи ту сомони раҳоӣ набувад,
Хеҷ дилро, ки ҳаме сахт ба сомон бубарад.

Ишқи зулфи ту чу султони дилам шуд, гуфтам,
К-ин маро зуд ки аз хидмати султон бубарад.

Бурд аз хидмати султонам, аз он метарсам,
Ки кунун хуш- хушам аз тоати Яздон бубарад.