Рӯйи ту ороми дилҳо мебарад

Рӯйи ту ороми дилҳо мебарад,
Зулфи ту зинҳори ҷонҳо ме(х)варад.

То баромад фитнаи зулфу рухат,
Офиятро кас ба кас менашмарад.

Вақт бошад бар сари бозори ишқ,
К-аз ту як ғам дил ба сад ҷон мехарад.

Бар сари кӯи ғамат чун даври чарх,
Пой кас ҷуз бар сари худ наспарад.

Ҳаст дил дар пардаи васли лабат,
Лоҷарам зулфи ту пардаш медарад.

Пой дар васли лабат натвон ниҳод,
То сари зулфи ту дар сар н-оварад.

Гӯямат:- Васле маро,- гӯйӣ, ки сабр,
То дилам онро тариқе бингарад.

Ҷумла дар андеша созӣ кори васл,
То ту биндешӣ, ҷаҳон мебигзарад.

Ваъдаро чандон мазан бар дар ба узр,
Зиндагониро нигар, чун мебарад.

Гӯйӣ: - Аз ман бигзарон, эй Анварӣ,
Чун кунам, менагзарад, менагзарад.