Ҷамолаш аз ҷаҳон ғавғо баровард

Ҷамолаш аз ҷаҳон ғавғо баровард,
Маҳ аз ташвир вовайло баровард.

Чу дил додам бад- ӯ, ҷон хост аз ман,
Чу гуфтам бӯсае, сафро баровард.

Зи беобиву шӯхӣ дар замона
Ҳазорон фитнаву ғавғо баровард.

Ғаму темори ишқаш ошиқонро
Ҳам аз дину ҳам аз дунё баровард.

Надидам аз висолаш ҳеҷ шодӣ,
Фироқи ӯ димор аз мо баровард.

Ҳама тавқеъҳоро кард ботил,
Лабаш аз мушк чун туғро баровард.

Ҳамесоз, Анварӣ, бо дарди ишқаш,
Ки халқ аз ишқи ӯ ово баровард.