Боз дастам ба зери санг овард

Боз дастам ба зери санг овард,
Боз пойи дилам ба чанг овард.

Бурд ланге ба роҳворе пеш,
Пешам аз бас ки узри ланг овард.

Пой дар сулҳ нониҳода ҳанӯз,
Ноз аз сар гирифту ҷанг овард.

Чун гул аз нозукӣ зи боди ҳаво
Чок зад ҷома бозу ранг овард.

Хоби харгӯш дод як гандум,
Оқибат одати паланг овард.

Хӯи некаш ба рӯзгор охир,
Бар дилам рӯзгор танг овард.

Анвариро чу ному нанг бибурд,
Рафту даъвои ному нанг овард.