Ҳуснаш аз рух чу парда баргирад

Ҳуснаш аз рух чу парда баргирад,
Моҳ вохиҷлатоҳ дар гирад.

Чун ғами ӯ дарояд аз дари дил,
Сабри бечора роҳ баргирад.

Шоҳиди ҷонаму дилам ғами ӯст,
К-ин ба по орад, он зи сар гирад.

Ишқ умрам бибурду ишва бидод,
То бубинӣ, ки сар ба сар гирад.

Дил ҳамегӯядам ба боқии умр
Бӯсае хоҳ, бӯ, ки даргирад.

Сад ғам аз ишқи ӯ фузун дорад,
Анварӣ гар шумор баргирад.

Гар диҳад бӯсаеву гар надиҳад,
Андар он сад ғами дигар гирад.