Маро сурат намебандад, ки дил ёре дигар гирад

Маро сурат намебандад, ки дил ёре дигар гирад,
Маро бекор бигзорад, сари коре дигар гирад.

Дили худро диҳам панде, агарчи панд напзирад,
Ки бигзорад ҳавои ӯ ҳаводоре дигар гирад.

Аз ӯ дурӣ наёрам ҷуст, тарсам з-он ки ногоҳе
Хӯрад зинҳор бо ҷонам, вафодоре дигар гирад.

Агар з-он лаъли шаккарбор бифрӯшад ба ҷон мӯе,
Ризои ӯ биҷӯяд ҷон, харидоре дигар гирад.

Гули боғи висолашро раҳо кардам ба нодонӣ,
Ба ҷойи гул зи хаҷри ӯ ҳаме хоре дигар гирад.