Дил роҳи салоҳ бар намегирад

Дил роҳи салоҳ бар намегирад,
Кардам ҳама ҳила, дар намегирад.

Маъшуқа дигар гирифту дигар шуд,
Дил ҳар чӣ кунад, дигар намегирад.

Алҳақ, на дурӯғ, рост бояд гуфт,
Маъзур бувад, агар намегирад.

Ман тахтаи ошиқӣ зи сар гирам,
Ҳарчанд ки ӯ зи сар намегирад.

Додам дилу ҷон ба бод дар ишқат,
Моро ба ду ҳабба бар намегирад.