На ваъдаи васлат интизор арзад

На ваъдаи васлат интизор арзад,
На хамри ҳавои ту хумор арзад.

Ҳамтабъи замонаӣ, ки нашкуфтаст
Касро зи ту ҳеч гул, ки хор арзад.

Барбоди ту дод рӯзгорам дил,
В-он чист туро, ки рӯзгор арзад.

Мансуба, манеҳ ки бо дағои ту,
Ҳаққо, ки агар на шаш, чаҳор арзад.

Гӯйӣ ба ҳазор ҷон диҳам бӯсе,
Зеро ки яке ба сад ҳазор арзад.

В-он ҷо, ки каноре андарафзоӣ,
Сад мулки замона як канор арзад.

Баргир шумори ҳусни хеш, охир,
То бӯсу канор бар шумор арзад.

Гӯйӣ, ки ба сад чу Анварӣ арзам,
Оре, шаба дурри шоҳвор арзад.