Ҷоно, даҳони тангат сад тунги шаккар арзад

Ҷоно, даҳони тангат сад тунги шаккар арзад,
Андоми симрангат хирворҳо зар арзад.

Ҳарчанд дилрабоӣ, зулфат ба ҷон харидам,
К-овози мурғи ҷонон шохи санавбар арзад.

Бо ошиқони кӯят лофе занем гаҳ- гаҳ,
Он дил куҷост моро, к-андӯҳи дилбар арзад.

Аз ишқи рӯйи хубат об оварам зи дида,
Кишти биҳишт хуррам, корези Кавсар арзад.

Гӯянд мулки Санҷар аз Қоф то ба Қоф аст,
Бӯсе аз он лаби тар сад мулки Санҷар арзад.