Дарди ту сад ҳазор ҷон арзад

Дарди ту сад ҳазор ҷон арзад,
Гарди ту нури дидагон арзад.

Ман ғаматро баҳо ба ҷон накунам,
Ки бар онам, ки беш аз он арзад.

Гарчи бар «манязид»-и ишқи ғамат
Дилу ақлу тану равон арзад.

Ҳаҷри ту бар умеди васл хуш аст,
Дузди матбах ҷазои хон арзад.

Аз зарифон, ба хоса, аз чу туе
Қасди ҷоне ҳазор ҷон арзад.

Дурд аз чокарат дареғ мадор,
Саги кӯи ту устухон арзад.

Ёд кун бандаро ба ёдкуне,
Дузд дашноми посбон арзад.