Аз васли ту оташи ҷигар хезад

Аз васли ту оташи ҷигар хезад,
В-аз ҳаҷри ту нолаи саҳар хезад.

Саргаштаи олами ҳавои ту
Ҳар рӯз зи олами дигар хезад.

Девонаи зулфу хастаи чашмат
Ҳар фардое зи дӣ батар хезад.

Гӯӣ: Ба ҳалоки ҷон-т бархезам,
Бархоста гир, аз ин чӣ бархезад?

Ҳангоми қиём хоки поятро
Хуршеди фалак ба фарқи сар хезад,

Маҳ чун саги посбонат ар хоҳӣ,
Ҳар лаҳза зи остони дархезад.

Моро зи даҳони танги ширинат,
З-он чи, ки ба тунгҳо шакар хезад.

К-он ҷо сухани зари ба хирвор аст,
В-он ҷо суханат аз ин чӣ бар хезад.

Гӯйӣ чу зар аст Анвариро, бас,
В-аз кисаи ӯ зар ин қадар хезад.