Дардам фузуду даст ба дармон намерасад

Дардам фузуду даст ба дармон намерасад,
Сабрам расиду ҳаҷр ба поён намерасад.

Дар зулмати ниёз ба ҷаҳди Сикандарӣ
Хизри тараб ба чашмаи ҳайвон намерасад.

Бархон аз он, ки тӯъмаи ҷон аст, ҳеҷ тан,
Он ҷо ба пои ақл ба ҷуз ҷон намерасад.

Ҷон додаам, магар ки ба ҷонони худ расам,
Ҷонам бурун шудасту ба ҷонон намерасад.

Хоне, ки хоҷаи хирад аз баҳри ҷон ниҳод,
Меҳмони ақл бар сари он хон намерасад.

Гуфтам ба мизбон, ки «маро заллае фирист»,
Гуфто: «Ҳанӯз нуқл ба дарбон намерасад».

Фитроки ин савор ба ту кай расад, ки худ
Гардаш ҳанӯз сурмаи султон намерасад.

Тӯфон расид дар ғамату Анварӣ, ҳанӯз
Қисматсарои Нӯҳ ба тӯфон намерасад.