Ҳар чӣ бо ман кунӣ, раво бошад

Ҳар чӣ бо ман кунӣ, раво бошад,
Барги озори ту киро бошад?!

Чун ту дар айшу хуррамӣ бошӣ,
Гар набошад раҳӣ, раво бошад.

Чанд гӯйӣ, ки аз бало бигрез,
Ки раҳи ишқи ту бало бошад.

Аз балои ту чун тавон бигрехт,
Чун дилам бар ту мубтало бошад.

Бо балову ғами ту арз кунам,
Гар ҷаҳон сар ба сар маро бошад.