Ранги ошиқ чу заъфарон бошад

Ранги ошиқ чу заъфарон бошад,
Ҳар кӣ ошиқ бувад, чунон бошад.

Рӯи фориғдилон ба ранг бувад,
Ранги ғофил чу арғувон бошад.

Қосиди ишқи ӯ зи раҳ чу расид,
Камтарин поймард ҷон бошад.

Ишқ чун дар ҳадиси ваъда шавад
Иддати ҷони хонумон бошад.

Яъламуллаҳ, ки гарди мавкиби ишқ,
Гар ба ҷон аст, ройгон бошад.