Туро, к-аз некувон ёре набошад

Туро, к-аз некувон ёре набошад,
Маро назди ту миқдоре набошад.

Набошад давлати васлат касеро,
В-агар бошад, маро боре набошад.

Туро гар кори ман доман нагирад,
Зи бахти ман аҷаб коре набошад.

Гуле бишкуфт боре ин замонам,
Агар дар зери он хоре набошад.

Маро к-андар гуноҳи худ диле нест,
Туро бар дил аз он боре набошад.

Ба бозоре, ки ҷонро нархи хок аст,
Дилеро рӯзи бозоре набошад.

Дил эмин дору бардор Анвариро,
К-аз ӯ беҳтар вафодоре набошад.

Гар аз пайванди ӯ фахрест, набвад
Чунин донам, ки ҳам оре набошад.

Гарон он кас барояд бар ту, к-ӯро
Чу Маҷдуддин харидоре набошад.