Бе ишқи туам ба сар нахоҳад шуд

Бе ишқи туам ба сар нахоҳад шуд,
Бо хӯи ту хӯй дарнахоҳад шуд.

Оваҳ, ки ба ҷуз хабар намонд аз ман,
В-аз ҳоли манат хабар нахоҳад шуд.

Гуфтам, ки ба сабр беҳ шавад корам,
Худ менашавад, магар нахоҳад шуд.

Гирам, ки зи бад батар шавад, гӯ шав,
Донам, зи батар батар нахоҳад шуд.

В-ар умр ба коми ман нашуд коре
Дерам нашавад, агар нахоҳад шуд.

Бо ишқ даромадам ба дилтангӣ,
К-охир дили ӯ дигар нахоҳад шуд.

Ҳиҷрон-т ба таъна гуфт:-Ҷон мекан
В-аз дур ҳаменигар, нахоҳад шуд.

Ҷуз васли туам намешавад дар сар,
З-ин кор чунин ба сар нахоҳад шуд.

Хун шуд дилам аз ғамат, чӣ мегӯям
Хун шуд дилу бас ҷигар нахоҳад шуд.

То кай сипарӣ бар Анварӣ охир,
Дар хок лагадсипар нахоҳад шуд.