Бидруд шаби дӯш , ки чун моҳ баромад

Бидруд шаби дӯш , ки чун моҳ баромад,
Нохонда нигорам зи дари ҳуҷра даромад.

Зеру забар аз ғояти мастию чу биншаст,
Маҷлис ҳама аз валвала зеру забар омад.

Нуқлам ҳама шуд шаккару бодом, ки он бут
Бо чашми чу бодому лаби чун шакар омад.

З-он қадди чу шохи суману рӯйи чу гулбарг
Сад шохи нишотам чу даромад, ба бар омад.

Аз хиҷлати рӯяш ба даҳон тира фурӯ шуд,
Ҳар моҳ, ки дӯш аз уфуқи ҷом баромад.

Будем ба ҳам даршуда бо қомати мавзун,
В-он қомати мавзун зи қиёмат батар омад.

Мо бе сару сомон зи харобию замона
Фарёд ҳамекард, ки шабтон ба сар омад.

Шаб рӯз шавад баъди насими саҳару дӯш
Шуд рӯзи дилам шаб, чу насими саҳар омад.