Зулфат чу ба дилбарӣ даромад

Зулфат чу ба дилбарӣ даромад,
Бас кас, ки ба ҷону дил баромад.

Ҳам рояти хушдилӣ нигун шуд,
Ҳам давлати беғамӣ саромад.

Дил гум нашавад дар ончунон зулф,
К-аз фитна ҷаҳон ба ҳам баромад.

К-андеша ба ҳалқаеш дар шуд,
Кам гашту чу ҳалқа бар дар омад.

Чашми сияҳи сапедкорат
Дар кор чунон сияҳгар омад.

К-аз кибр ба дасти илтифоташ
Паҳлӯи замона лоғар омад.

Чандон ҳазари ман аз ғами ту
Оваҳ, ки ғами ту беҳтар омад.

Дар мавкиби турктоз ғамза-т
Бишкаст дари дилу даромад

Бе ранги рухи ту чун барад ҳусн,
Моҳ омаду дар баробар омад.

Ҳар хат, ки харитадори ӯ дошт,
Дар ҳусн ҳама музаввар омад.

Ҳусни ту чу шеъри Анварӣ низ
Гӯйӣ ба мизоҷ дигар омад.