Маро таъсири ишқат бар дил омад

Маро таъсири ишқат бар дил омад,
Ҳама даъвии ақлам ботил омад.

Дилам бурдӣ, ба ҷонам қасд кардӣ,
Маро ин воқиа бас мушкил омад.

Зи дил нолам, зи рӯи ту чӣ нолам?
Ба рӯям ҳар чӣ ояд, з-ин дил омад.

Ҳисоби васл бо ишқат бикардам,
Маро садсола меҳнат ғофил омад.

Маро зулфат амал фармуд дар ишқ,
Ҳама дарди дилам з-ӯ ҳосил омад.

Ҳама рӯйи замин ёре гузидам,
Валекин дар вафо сангиндил омад.