Бо рӯйи дилафрӯзат сомон бинамемонад

Бо рӯйи дилафрӯзат сомон бинамемонад,
Бо зулфи ҷаҳонсӯзат имон бинамемонад.

Дар ноҳияти дилҳо бо ишқи ту шуд волӣ,
Ҷуз шаҳнаи ишқатро фармон бинамемонад.

З-ин дасти амал, к-акнун овард ғами ишқат,
Он кист, ки дар ишқат ҳайрон бинамемонад.

Дар ҳуққаи ҷон бурдам ғам, то бинадонад кас,
Ҳарчанд ҳамекӯшам, пинҳон бинамемонад.