Ҷоно, дилам аз ғамат ба ҷон омад

Ҷоно, дилам аз ғамат ба ҷон омад.
Ҷонам зи ту бар сари ҷаҳон омад.

Аз давлати ин ҷаҳон диле будам,
Он низ ба давлатат гарон омад.

Оре, ҳама давлате гарон ояд,
Чун пойи ғами ту дар миён омад.

Дар роҳи ту корҳо баномэзид,
Чунон ки бихостам, чунон омад.

Дар ҳуҷраи дил хаёли ту биншаст,
Чун ишқи ту дар миёни ҷон омад.

Ҷон бар дари дил бадард мегӯяд,
Дастурӣ ҳаст, дар тавон омад?

Аз дасти замона достон гаштам,
Чун пойи дилам бар остон омад.

Гуфтам, ки ту аз замона беҳ бошӣ,
Худ ҳарду навола устухон омад.

Якбора сипар бар Анварӣ мафкан,
Бо ӯ ҳама вақт бар тавон омад.