Аҷаб, аҷаб, ки туро ёди дӯстон омад

Аҷаб, аҷаб, ки туро ёди дӯстон омад,
Даро, даро, ки зи ту кори мо ба ҷон омад.

Мабар, мабар хуру хобам зи доғи ҳиҷрон беш,
Макун, макун, ки ғалат суду дил зиён омад.

Чӣ мекунӣ, ба чӣ машғулию чӣ металабӣ,
Чӣ гуфтамат, чӣ шунидӣ, чӣ дар гумон омад?

Мазан, мазан пас аз ин дар дил оташам, ки зи ту,
Биё, биё, ки бад-ин хастадил ғамон омад.

Чунон ки буд гумони раҳӣ ба бадаҳдӣ,
Ба оқибат ҳама аҳди ту ҳамчунон омад.

Карона кардӣ аз ман, ту худ надонистӣ,
Ки дил зи ишқи ту якбора дар миён омад.

Макун такаббуру баҳри Худой, рост бигӯй,
Ки то ҳадиси манат ҳеч бар забон омад?