Тоқати ишқи ту з-ин бешам намонд

Тоқати ишқи ту з-ин бешам намонд,
Беш аз ин бе ту сари хешам намонд.

Рост мехоҳӣ, нахоҳам бе ту умр,
Барги гуфтори камобешам намонд.

Шуд тавонгар ҷонам аз темору ғам,
З-он дили бесабру дарвешам намонд.

То гирифтам ошноӣ бо ғамат,
Дар ҷаҳон бегонаву хешам намонд.

Чун кунам, тадбири корат, чун кунам?
Чун дили тадбирандешам намонд.

Анварӣ, то кай аз ин кофарбача,
К-эътиқоди мазҳабу кешам намонд.