Дарди ту, дило, ниҳон намонад

Дарди ту, дило, ниҳон намонад,
Андӯҳи ту ҷовидон намонад.

Аз ишқ машав чунин шукуфта
К-он рӯйи накӯ чунон намонад.

Овозаи ту фурӯ нишинад,
В-аз меҳнати ту нишон намонад.

Гар бо ҳама кас чунин кунад дил,
Як дилшуда дар ҷаҳон намонад.

Аз дарди ту дил намонду бим аст,
К-аз бераҳмит ҷон намонад.

Аз кори ҷаҳон карона, эй дил,
К-озор дар ин миён намонад.

Он суд басам, ки ту бимонӣ,
Бал то ҳама сузиён намонад.