Гули рухсори ту чун даста бастанд

Гули рухсори ту чун даста бастанд,
Баҳору боғ дар мотам нишастанд.

Саборо пой дар зулфи ту бишкаст,
Чу чини зулфи ту барҳам шикастанд.

Кӣ хоҳад раст аз ин осеби фитна?
Ки нӯги хору барги гул нарастанд.

Киро дар боғи рухсорат бувад роҳ,
Аз он дилҳо, ки дар зулфи ту бастанд?!

Ки дар ҳар гулситонаш гоҳу бегоҳ
Зи ғамзат як ҷаҳон туркони мастанд.

Чу дар пеши лабат аз бими чашмат
Ҳама хонандагон лабҳо бибастанд.

Манеҳ бар кори ин бечорагон пой,
Чӣ хоҳӣ кард, муште зердастанд.