Он шӯхдида дида чу бар ҳам намезанад

Он шӯхдида дида чу бар ҳам намезанад,
Дил сабр пеша карду кунун дам намезанад.

З-ӯ сад ҳазор захми ҷафо дораму ҳанӯз
Чун даст ёфт, захм яке кам намезанад.

Гаҳ-гаҳ ба таъна «толи бақое» задӣ маро,
В-акнун чу роҳи дил бизад, он ҳам намезанад.

Кай дасти дил кунун дари шодӣ занад зи ишқ
Илло ба дасти ӯ дари як ғам намезанад.

Ё раб, чӣ фатҳи боби балоест он, к-аз ӯ
Як абри дида нест, к-аз ӯ нам намезанад.

Чашмаш кадом зовия ғорат намекунад,
Зулфаш кадом қоида барҳам намезанад?!

Алқисса, дар вилояти хубӣ ба коми дил
Зад навбате, ки хусрави олам намезанад.