Ҳар киро ишқат ба ҳам бармезанад

Ҳар киро ишқат ба ҳам бармезанад,
Оқибат чун ҳалқа бар дар мезанад.

Толиъе дорӣ, ки аз дасти ғамат
Ҳар киро дастест, бар сар мезанад.

Дар ҳавои ту малак пар бифканад,
Инчунин к-ат ҳусн бар дар мезанад.

Ман киям, к-аз ишқи ту бар сар занам?
Бар сар аз ишқи ту санҷар мезанад.

Ишқро дар сар макун ҷавру ҷафо,
Ишқ бо мо худ баробар мезанад.

Ройи васлат хостам з-ӯ, ҳаҷр гуфт:
-Ин ҳариф, ин нақш камтар мезанад.

Дарди ҳиҷронат гарам ашке диҳад,
Ишқ сад борам ба сар бар мезанад.

Ин на бас, к-аз айши талхи ман лабат
Хандаи ширин чу шаккар мезанад.

Тири ғамзатро бигӯ оҳистатар,
Гар на андар рӯйи кофар мезанад.

Ту нишаста фориғ андар гӯшае
В-ин дуогӯ ҳалқа бар дар мезанад.

Ошиқе ҳаргиз мабод андар ҷаҳон,
Ошиқе бо кофаре бар мезанад.

Аз ту хубе чун сухан аз Анварӣ,
Ҳар замоне лофи дигар мезанад.