Ҳарч аз вафо ба ҷони ман он бевафо кунад

Ҳарч аз вафо ба ҷони ман он бевафо кунад,
Онро вафо шуморам, агарчи ҷафо кунад.

Бо он ки ҷуз ҷафо накунад, кор кори ӯст,
Ё раб, чӣ корҳо кунад ӯ, гар вафо кунад.

Озодагони рӯйи заминаш раҳӣ шаванд,
Гар роҳи саркашию такаббур раҳо кунад.

Аз коми дил раҳо кунадаш дасти рӯзгор,
Онро, ки дасти ишқи вай аз дил ҷудо кунад.

Азбаски кибриёи ҷамол аст дар сараш,
Бар ошиқон салом ба кибру риё кунад.

Гар фавт гардадаш ҳамаи умр, як ҷафо
Хӯи бадаш қарор нагирад, қазо кунад.