Навбати ҳусни туро лутфи ту гар панҷ кунад

Навбати ҳусни туро лутфи ту гар панҷ кунад,
Ишқи ту хоки талаф бар сари ҳар ганҷ кунад.

Қиблаи рӯйи туро ҳар кӣ шабе бурд намоз,
Чор такбир дигар рӯз бар ин панҷ кунад.

Наргиси масти ту ҳушёртарин мурғеро
Сина чун нор кунад, чеҳра чу норанҷ кунад.

Ақл бар сахт лабатро ба сухан гуфт, ин аст,
З-он дар маҳд ҳаме тифл сухансанҷ кунад.

Руху асбе биниҳад рӯзу рухатро он кас,
К-аз маҳи якшаба ҳар маҳ рухи шатранҷ кунад.

Ғаму ранҷи ту агар ному нишонам бибарад,
Бе ғаму ранҷ мабодам, агарам ранҷ кунад.

Домани чун ту парӣ дасти гуҳар гираду бас,
Войи он кас, ки тамаъ дар ту ба найранҷ кунад.