Гар вафо бо ҷамоли ёр кунад

Гар вафо бо ҷамоли ёр кунад,
Ҳалқа дар гӯши рӯзгор кунад.

Моҳ даст аз ҷамол бифшонад,
Гар ба ин пой устувор кунад.

Нозҳо мекунад ҷафоомез
В-ар ба номи яке ҳазор кунад.

Бо чунин эътимод бар хубӣ
Накунад ноз, пас, чӣ кор кунад?!

Чашмаш аз пешаҳо ҷафо донад,
Зулфаш аз корҳо шикор кунад.

Ин дуо хуш бар остин бандад,
В-ин сазо нек дар канор кунад.

Дилу динам бибурду суд кунам,
Гар бар ин моя ихтисор кунад.

Бор каш, Анварӣ, ки ёр гар ӯст,
З-ин батар сад ҳазор бор кунад.