Маъшуқ дил бибурду ҳаме қасди дин кунад

Маъшуқ дил бибурду ҳаме қасди дин кунад,
Бо ошнову дӯст касе инчунин кунад?

Чун дар рикоби аҳду вафо меравад дилам,
Беҳуда аст, ҷавру ҷафо чанд з-ин кунад?

Дил пӯстин ба гозури ғам доду турфа он-к
Рӯзу шабам ҳанӯз ҳаме пӯстин кунад.

Гӯяд, ки доман аз туву аҳди ту даркашам,
То ишқи ман сазои ту дар остин кунад.

Аз осмон то ба замин миннат аст, агар
Бо ину он ҳадиси ман андар замин кунад.

Чизе дигар ҳаме нашиносам дар ин ҷуз он-к
Боре гумони халқ ба як раҳ яқин кунад.

Бар ях навишт номи вафо, к-Анварӣ, чаро
Номам зи баҳри мартаба нақши нигин кунад?