Ҷон висоли ту тақозо мекунад

Ҷон висоли ту тақозо мекунад,
К-аз ҷаҳонаш бе ту савдо мекунад.

Биллаҳ, ар дар кофарӣ бошад раво,
Он чи ҳиҷрони ту бо мо мекунад.

Дар баҳои бӯсае аз ман лабат
Дил бибурду дин тақозо мекунад.

Борҳо гуфтам, ки ҷон ҳам медиҳам,
Ҳамчунон имрӯзу фардо мекунад.

Ғорати ҷон мекунад чашми хушат
Ҳеч товон нест, зебо мекунад.

Зулфро гӯ, ёрии чашмат макун,
К-он чи битвон кард, танҳо мекунад.

Оташи дил гарчи пинҳон мекунад,
Оби чашмам ошкоро мекунад.

Ончунон шӯхӣ, ки гар гӯянд: – Кист?
Анвариро ишқ расво мекунад.

Гарчи медонам, валекин рағмро
Гӯйӣ: – Эй мард, он ба амдо мекунад.