Ёр дар хубӣ қиёмат мекунад

Ёр дар хубӣ қиёмат мекунад,
Ҳусн бар хубон ғаромат мекунад.

Дар қимори ҳусн бо моҳи тамом
Даъвии дови тамомат мекунад.

Аз камони абрувон кард, он чи кард,
Вои он, к-аз тири қомат мекунад.

Фитна бар фитна-ст з-ӯву ҳамчунон
Ғорати сабру саломат мекунад.

Бешак аз ҳуснаш надорам огаҳӣ
Ҳар кӣ дар ишқам маломат мекунад.

В-аз накӯрӯйӣ чу шеъри Анварӣ
Ростӣ, бояд қиёмат мекунад.