Зулфаш андар ҷавр талқин мекунад

Зулфаш андар ҷавр талқин мекунад
Рух пиёда, асб фарзин мекунад.

Дар рикобаш ҳусн хоҳад рафт, агар
Асби ҳусн ин аст, к-ӯ зин мекунад.

Бар камолаш хатти нуқсон мекашад,
Ҳар кӣ андар ҳусн таҳсин мекунад.

Ба руху дандон-ш рӯзу шаб фалак
Пӯстини Моҳу Парвин мекунад.

Бар сари бозори ишқаш дар тавоф
Дил кунун даллолии дин мекунад.

Бо чунин тамкин набошад кори хурд,
Гар фалакро ҳеч тамкин мекунад.

Ҳар чӣ дасташ дар тавонад шуд зи ҷавр,
Бар мани маҳҷури мискин мекунад.

Айши талхи ман кунад маълуми халқ,
Гарчи бозиҳои ширин мекунад.

Бо кӣ хоҳад кард аз гетӣ вафо,
К-аз ҷафо бо Анварӣ ин мекунад.