Оламе дар раҳи ту ҳайронанд

Оламе дар раҳи ту ҳайронанд,
Пешу пас ҳеч раҳ намедонанд.

Ақлу фаҳм, арчи ҳарду тезраванд,
Чун ба корат расанд, дар монанд.

Ҷону дил гарчи иззате доранд,
Бар дари ту ғулому дарбонанд.

Дӯстонро агарчи дард зи туст,
Марҳами дарди худ туро донанд.

В-арчи фарёдхон шаванд аз ту,
Ҳам ба фарёди худ туро хонанд.