Ҳар ки дил бар чун ту дилдоре ниҳад

Ҳар ки дил бар чун ту дилдоре ниҳад,
Санг бар дил бе ту бисёре ниҳад.

В-он киро меҳнат гуле хоҳад шукуфт,
Рӯзгораш инчунин хоре ниҳад.

В-он ки ҷонаш ҳамчу дил набвад ба кор,
Хештанро бо ту дар коре ниҳад.

Тӯҳфа созад гаҳ-гаҳам дил он зариф,
Ораду дар дасти хунхоре ниҳад.

Нек мекӯшад, Худояш ёр бод,
Гӯ, ки рӯзе даст бар ёре ниҳад.

Ишқ гуфт: – Ин ҳаҷр боре кисту чист,
Худ касе бар дил аз ӯ боре ниҳад?

Ёр пой андар миён хоҳад ниҳод,
То ба васлат рӯзи бозоре ниҳад.

Ҳаҷр гуфт: – Аз ҷониби ту рост шуд,
Ин-т савдову ҳавас, оре, ниҳад.

Ёр пой андар миён нанҳад, валек
Анварӣ сар дар миён боре ниҳад.