Дӯш он, ки ҳама ҷаҳони мо буд

Дӯш он, ки ҳама ҷаҳони мо буд,
Ороста меҳмони мо буд.

Савганд ба ҷони мо ҳамехӯрд,
Гарчанд балои ҷони мо буд.

Будаш ҳама хуррамию хубӣ,
Шукр Эзидро, ки они мо буд.

Аз толеъи саъди мо биронад
Фоле, ки на дар гумони мо буд.

Биншаст миёни мову бархост,
Озор, ки дар миёни мо буд?