Ман он наям, ки маро бе ту ҷон тавонад буд

Ман он наям, ки маро бе ту ҷон тавонад буд,
Дили замонаву барги ҷаҳон тавонад буд.

Ниҳон шуд аз мани бечора рози меҳнати ту,
Қазои бад зи ҳама кас ниҳон тавонад буд.

Хуш он, ки гӯйӣ, чунӣ, ҳаметавонӣ, на,
Дар инчунин сару тӯшам тавон тавонад буд.

Агар зи ҳоли манат нест ҳеч гуна хабар,
Ки ҳоли ман зи ғамат бар чӣ сон тавонад буд?

Чаро агар ба ҳама умр нолае шунавӣ,
Ба таъна гӯйӣ: кори фалон тавонад буд.

Ҷафо макун, чӣ кунӣ, бас ки дар мамолики ҳусн
Бароти аҳду вафо норавон тавонад буд.

Дар ин замона ҳар овоза, к-аз вафо фикананд,
Ҳама садои хуми осмон тавонад буд.

Агар зи аҳду вафо ҳеч мумкин аст нишон,
Дар ин ҷаҳон чу наёбӣ, дар он тавонад буд.