Он рӯзгор ку, ки маро ёр ёр буд

Он рӯзгор ку, ки маро ёр ёр буд,
Ман бар канор аз ғаму ӯ дар канор буд.

Рӯзам ба охир омаду рӯзе назод низ,
З-он гуна рӯзгор, ки он рӯзгор буд.

Имрӯз нест ҳеч умедам ба кори хеш,
Бидруд, дӣ, ки кори ман уммедвор буд.

Доим шумори васл ҳамебаргирифт дил,
Ин ҳаҷри бешумор куҷо дар шумор буд.

Бо рӯйи чун нигори нигорам ҳазор шаб
Корам зи хуррамию хушӣ чун нигор буд.

В-акнун ҳазор бор шабе бо дареғу дард
Гӯям, ки ё раб, он чӣ нишоту чӣ кор буд?